понедельник, 26 января 2009 г.

Кори Абдучалил

ТАРЧИМАИ ХОЛ.

Кори Абдучалил ибни Абдурахим соли 1900 дар чумхурии Узбекистон вилояти Андичон чашм ба олам кушодаанд. Падарашон Абдурахим дукони гилемфуруши ва замини шолидарави доштаанд. Кори Абдучалил дар сини 13 солаги пурра куръони мачидро аз ед кардаанд. То соли 1930 дар Андичон тахсил ва зиндагони кардаанд. Соли 1930 бо такозои замон ба шахри Хучанд хичрат кардаанд. Дар соли 1931 дар Хучанд сехи наматсозиро ташкил карда онро то соли 1961 сарвари карданд. Дар солхои Ч.Б. Ватани сехи наматсозиро ба сехи пила табдил дода фронтро бо нима таъмин намуданд.

Кори Абдучалил бо тахаллусхои кори Андичони ва кори наматчи дар Хучанд шухрат пайдо карданд. Аз солхои 1964 дар Масчиди Шайх Маслахаддин дар моххои Рамазони Шариф бо корихои Набичони теппифуруш ва кори Содик домулло ба хатти пурраи куръон иштирок кардаанду. Баъд аз вафоти кори Набичон ва кори Содикдомулло бо кори Муъминкорипоччо ва кори Ортик еи инхо аз чумхурии Киргизистон буданд ба хатм иштирок мекарданд. Ба гайр аз ин корихо кори Абдучалил боз бо корихои хамон замон ба монанди кори хочи Абдумачид ки козии чумхурии Точикистон бо кори Рамазон корипоччо ки аз Узбекистон буданд ба хатми куръон иштирок крданд.

Кори Абдучалил то рамазони соли 1992 ба хатм иштирок карданд,ки дар хамон сол синнашон ба 92 расида буд. Кори Абдучалил сохиби 5 писар 2 духтар 42 набера 15 эвара мебошанд.

Писархо Абдурасул ,Абдурашид, Абдумуталли, Мухторчон , ва Аъзамчон , ном дошта аз инхо хочи Мухторчон ва Аъзамчон дар кайди хает мебошанд. Духтархо Махбубахон ва Мавлудахон ном дошта холо Мавлудахон дар кайди хает мебошанд. Соли 1974 аз номашон Хаччи бадал кардаанд. Солхои 1992- 95 дар озмунхои куръони мачид хамчун хакамон иштирок карданд. Кори Абдучалил бисер одами саховатманд ва ятим параст буданд. Кори Абдучалил рузи Душанбе санаи 8 июли соли 1996 дар сини 96 солаги аз олами фони ба олами боки рехлат кардаанд.