вторник, 11 ноября 2008 г.

Абдуллохи КАЛОНЗОДА

БИСМИЛЛОХИР РАХМОНИР РАХИМ.
Парвадигори олам чун инсонро офарид, дар тинати у илму ирфонро он кадаре, ки бад-ин илм худро ва Худоро бишносад, чо намуд. Акнун такмилу сайкал додани он дар мархалахои минбаъдаи хаёт аз вазоифи бандагони Худо буд. Дар хамаи давру замон олимон шамъи фурузон буданд. Уламои киром ба истифода аз илму маърифат ба торикихои рузгор нуру зиё бахшида, ба мо рушду хидоятро эхдо кардаанд. Бузургии онхо дар хамин хаст. Паембар аълайхиссалом дар хадиси шариф гуфтааннд : «Сохибилмон дар Дунё сохиби иззат ( кудрат) ва дар охират сохибшарафанд».
Дар хама давру замон бахри ривочу равнаки дини мубини ислом вобаста ба фазои замон мушкилоту монеахо буданд ва агар набошанд, пас ба хар роху ришта чунин ихтилофоту монеаро эчод мекарданд.
Аммо чун уламо чароги рушананд, барои уммати хазрати Расулуллох ва чун уламо азизкардагони худованди мутаъоланд ва чун уламоро меросхур ва меросбари Пайгамбар аълайхиссалом медонанд, мо низ дар ин масъала салламно мегуем ва хамеша лаб фуру мебарем, ки чи тавр метавон дар хакки устод таърифу тавсиф гуфт, чунки хамеша сухан гуфтани шогирд дар хаки устод кори мушкил махсуб шудааст…
Хазрати Али каррамаллоху вачхаху мегуянд: «Ман аълламани харфан факад саййарани аъбдан». Яъне, «Хар касе маро ба як харф таълим дихад, пас ба тахкик у маро ба худ банда кардааст».
Ин аст макому манзалат ва кадру киммати устод назди шогирд ва нигохи як намояндаи шариати поки Мухаммади саллаллоху ъл айхи ва саллам. Ва дар дигар чунин маъхазхо мо беш будани хаки устодро аз хама чиз идрок мекунем.
Таи солиёни дароз дар олами исломии чумхурият ва масочиди чомеъаи вилоят даххо нафар ходимони дину оин ба мардум хидмат намуданд, насли наврас таълиму тадрис доданд ва факат бо фазли худованд ва ба туфайли захмату гайрати ин зумраи одамон дину оин ва шаъну шарафи он то рузгори мо боки монд. Ман имруз дар хаки хидмати як нафар аз устодони гиромикадри худ зикр карданиам,ки вокеан барои ахли ислом хизматхои шоиста намуданд.
Кулли мардуми Точикистон ва берун аз он бо номи хазрати Козибобо Хочи Мирзо Абдулло Калонзода хуб шиносанд. Ин ном таи дахсолахои зиёд вирди забони ахли ислом аст. Бисер муваффакиятхо ва пешравихои дину оин дар солхои мушкилоти вазъи сиеси ва маънавии дин бо ин ном марбут аст. Козибобо Хочи Мирзо Абдулло Калонзода дар солхои ба мансаби Козии мусулмонони Точикистон интихоб гардиданд, ки холати масочиду вазъи дину оиндори дар чумхури ва вилояти мо дар холати хеле таназзули рузмарра буд. Ва сиесати давру замон намегузошт, ки бахри тадричан баланд бардоштани савияи он кушиш карда шавад.
Охирхои солхои шаст ва аввалхои солхои хафтодум ин давраи аз хама мушкили вазъи дини дар чумхури махсуб мешавад. Масалан, хамон солхо ба ёдам меояд, ки кариб буд аз кайди никох, яъне никохи мусулмониро аз байн бардоранд. Никохро як чизи зиёдати ва гайримантики мешумориданд баъзехо. Ё худ ошкоро дар бар–хам додани дигар расму оинхои сирф динию мазхаби сару садохо баланд мешуд. Аммо Козибобо зуд-зуд аз тарики радио ва аз рохи хитобахои намозхои рузи чумъа бо нутки басо равшану возех ва махорати баланди ба худ хосашон ин хамаро ба хам мезаданд ва бештар аз хосияту мохияти халолу харом, окибатхои бади гайриникох ба дунё омадани фарзанд, беэътикоди, носипоси ба оини ачдоди харф мезаданд ва ин хама ишора барои окилон бас буд. Хазрати Козибобо дар хакикат ба исм ва кисми худ муносиб як хайбат ва салобат доштанд. Ба хар маърака ва маросим чун ворид мегардиданд, хамагон бе ихтиёр аз чойхои худ ба по мехестанд ва аз ишон истикбол мегирифтанд. Ин як холати табий буд. Чаро, ки осор ва исботи фаъолияти маърифати якумрии он кас дар симои гарми ишон аён буд. Бояд гуфт, ки хазрати Козибобо аз аввалин касоне буданд, ки дар поягузори ва тасдикитархи бинои «Хонакох»и
Нави масчид ва мачмаъи «Шайх Маслихатдин» сахмгузор буданд. Устод хине, ки бори аввал дар заминаи ин бинои зебо санг гузошта ва техникаи пуриктидор ба кор шуруъ намуд, ашк рехта гуфта буданд: «Кош худованд насиб мекард, ки ин хонакохи нав ба сомон рассаду банда дар он боре ду ракаат намози шукрона бихонам…». Аз он хину хангоми имруз зиёда аз дах сол мегузарад. Ва дар тули ин солхо кариб хама руз, алалхусус кабл аз барпои намози чумъа хазрат руи хавли як курси монда менишастандва бо хавс ба кори бинокорон назар мекарданд. Хамеша лабашон ба дуои хайр моил буд. Шукр, ки ин дуохо имруз мустачоб шуд… Мирзо Абдулло Калонзода бисёр наток ва дар такаллум бенамуна буданд. Мавкеъшинос буданд. Мавриди аз чи бо сухан гуфтанро хуб дарк мекарданд ва тибки фармудаи хазрати Мухаммад ъалайхиссалом амал менамуданд: «Колан-набию ъалайхиссалом: Калимун-носа ъало кадри ъукулихим» яъне, «Гуфтанд хазрати Мухаммад ъалайхиссалом: Ба мардум ба кадри аклу идроки ишон назар карда, такаллум намоед, Сухан би-гуед». Албатта дар замири ин Сухан хеле хикмати бузург нухуфтааст. Ва ин бояд барои хама воизон ва имон-хатибон сармашки кор бошад. Тавре хазрати Козибобо барои мардуми маърака ва доираи мардуми касбу кори гуногун аз кутуби тафосиру аходис катор катор ояту хадис намеоварданд, балки бо такя ба раванди масоилу машокили рузгор, бо овардани мисоли рушан аз рузу рузгори ахли чомеа ба мардум панду андарз мегуфтанд. «Агар бини, ки нобинову чох аст, агар хомуш биншини гунох аст»,-пеш аз огози сухани худ дар як маърака гуфта буданд устод
Козибобо. Мархум устод ба мардум хамеша бо лахни ширин ва самимият ва камоли эхтиром сухан мекарданд. «Дуъо кунед, ки дуои нисфишаби дафъи сад бало кунад»,-дигар аз таъкиди ишон хамин буд. Хазрати Козибобо дар давоми хаёти худ бо бисёр осор ва китобу хитобахои худ ба мо дарс додаанд ва моро ба рохи рост рахнамун кардаанд. Наздик ба 30 сол дар садри мусулмонони Чумхурии Точикистон шарафи дини ва маънавии мардуми шарифи Точикистонро химоя карда омадаанд. Таъкиди ишон хамеша бар он буд, ки инсон бо тахорат, боибодат ва дар дуолам босаъодат бошад. Яке аз осори насихатомези ишон бо номи «Намоз зиндагиномаи башар» бо теъдоди зиёд интишор ва ба дасти хонандагон расид, ки вокеан як асари бисёр арзишманд аст. Намоз сутуни дин, намоз меърочи муъмин, намоз нуру таровати бандаи худост. Хам дар сухан ва хам дар эчод хазрати Козибобо барои кули мардуми шарифи точикистон хаки устоди доштанд. То хануз дар идораи Шурои уламои дини вилоят дар бойгонии шахсии ман намунахо аз мавъизахо ва карору фатовои Козибобо бо хати зебои худашон махфуз аст. Ва он барои банда хеле як такяи хуби илми ва осори истинботист. Ахли чомеа худ шохиданд, ки хазрати Козибобо чи тавр як неруи баркамоли маънави башумор мерафтанд. Дар сини пиронсоли хам вакт ёфта дар маъракаву маросимхои халки ва даври сахмгузори менамуданд. Фаъолияти хуби ташкилотчиги доштанд. Насихатгу панддехи мардуми шарифи диёр буданд. Ин хизматхои олиро хукумат хам кадршиноси кардааст. Чун хазрат дар охири хаёт ба унвони «Шахрванди ифтихори шахри Хучанд» мушарраф шуда буданд. Устод Калонзода як сол аст, ки ба дунёи боки рихлат намудаанд. Аз парвардигори азимуш-шаън истидъо дорам, ки макону манзалати Козибоборо чаннот-ул фирдавс гардонад, хазрати Козибобо дар давоми хаёт он амалхое, ки кардаанд, муниси кабрашон гардонад. Олимон батахкик дар олам чароги тобонанд. Ва бошад, ки нуру таровати мавчудияти ин гунна инсонхо хамеша равшангари рохи мо ба максуди нихои бошад. Омин!

четверг, 8 мая 2008 г.

Китоб-1

мегардад, ки ба биниши хакикии исломи нисбат ба инсони комил пай бибарем.
Ба ин хотир ин рисола хулосаест, аз андешахои уламо ва мутафаккирони бузурги муосир, ки тахти унвони инсони комил матрах шудааст.
Интихоби ин мавзeъ беасос нест, зеро дар чамъияти мо раванде ривоч ёфтааст, ки бештар ба дастуроту ахкоми ичтимои бахсу талош мекунанд, аммо ба чихати ахлоки ва маънави кам таваxччух зохир мекунанд.
Мутафаккирон барои ошкор сохтани ин ки ислом як дини чомеъ аст ва инсони комил инсонест, ки бояд хамаи дастуроти ин мактабро ба таври хамоханг ба чо оварад ва хамчунин чавонони имрузаро аз яктарафа ба ислом нигаристан нигах доранд, ин бахсро матрах кардаанд. холо мо назарияи мутафаккиронро доир ба дидгохи якчанд мактабхо мавриди бахс карор медихем. Ва бо тахкик намудани назархои онхо ба исботи дидгохи мутафаккирони мактаби исломи мепардозем.
Дар хангоми тахийяи ин китоб талош намудем, ки аз суханхои печидаи илми махфуз бидорем ва хамчунин матолиби онро мутобики мавзeи марбут бар чанд кисм таксим намудем. Дар ин масир аз Худованди бузург тавфики бештаре масъалат дорем.

Рабби яссир ва таммим бил-хайр


М у а л л и ф Abduliftikhor

понедельник, 5 мая 2008 г.

Китоби-2

бар маънои ислом бишносем; яъне мехохем бифахмем: ислом арзишхои хакикии инсон ва камолоти уро чи чиз медонад.
Хар сохиб мактабе, ки мазхабе (рох ва равише) барои башарият овардааст, назария ва таърифе дар бораи инсони комил пешниход кардааст.
Тарбият ва меъёрхои ахлоки дар хар мактаб (мисли мактаби «акл», «ирфон», «кудрат», «мухаббат», «марксизм», «экзистенсиализм» ва «бархурдориву зебои») доир ба мавзeи инсони комил бар асоси таърифи он мактабхо мушаххас мешавад. Ба таври умуми назариёти макотиби мухталиф дар бораи инсони комил дар чанд назарияи асоси хулоса мешавад. холо мо барои он ки назарияи исломиро дар бораи инсони комил бишносем, ночорем назарияхои мактабхои номбурдаро дар ин замина батафсил матрах намуда ва сипас назарияи исломиро дар бораи хар яке аз он мактабхо баён намоем. Мо то назарияхои мактабхои мухталифро матрах ва сипас накд (зохир намудани айбхо ва хубро аз бад чудо кардан) накунем, наметавонем назари исломро ба тарики возех бишиносем, аз ин сабаб танхо дар чунин сурат муяссар .... Давом дорад
5

Хамон тавре, ки инсон вакте ба дунё меояд, олими билкувва аст, на олими билфеъл, хамчунин инсонияти инсон низ билкувва аст, на билфеъл.
Вакте масъала ба ин мархила мерасад, ки одам шудан ва инсонияти инсон дар чист; ин инсониятро як зистшинос (биолог) наметавонад ба мо нишон бидихад ва як «пизишк» хам наметавонад ба мо муаррифи кунад. Инсоният амрест, ки хатто мактабхои моддигари хам онро инкор намекунанд, вале дар айни хол бо меъёрхои модди хам намешавад онро санчид. Вале инсон худаш барои худаш дарвозаи маънавиёт аст. Чуноне ки Расули акрам (с) мефармоянд: «Ман арафа нафсаху факад арафа раббаху». (Он касе, ки нафси хешро шинохт, пас ба тахкик парвардигорашро хам хохад шинохт). Ва дар чои дигар мефармоянд: «Ман лам яъриф нафсаху баъуда ан субулин-начãти ва чабата физзалãли валчахãлãт». (Он касе, ки нафси худро нашиносад, аз рохи начот дур мемонад ва дар гумрохиву нодонихо фурe меравад). Яке аз дарвозахо, ки инсон метавонад аз вучуди худаш ба олами маъно пай бибарад ва бифахмад, ки гайр аз масоили модди .. ДАВОМ ДОРАД.....

HONOUR

Бисмиллãхир рахмãнир рахийм

Инсон танхо мавчуде аст, ки худаш аз худаш чудошаванда нест. Масалан, мо наметавонем санге дошта бошем, ки хислати санги надошта бошад, ё гиёхе дошта бошем, ки хислати гиёхи надошта бошад ва ё паланге дошта бошем, ки хислати паланги надошта бошад. хар паланге дар дунё хислатхоеро, ки дорад ба хукми гариза дорад. Вале инсон инсон будани худашро ба хукми гариза надорад, балки бояд онро тахсил кунад. Инсон будани инсон марбут ба чанбахои зисти ва ба истилои биологи нест; яъне он чи ки номи инсоният ва ё одамият дар забони кадим номида шудааст, гайр аз хусусиятхои биологии инсон аст. Саъдии Шерози мефармоянд:

Тани одами шариф аст ба xони одамият,
На хамин либоси зебост нишони одамият.

хама медонанд, ки як инсон танхо ба хамин сурат инсон махсуб намешавад ва агар чунин буд, ба гуфтаи шоире:

Гар ба сурат одами одам буди,
Ахмаду Бexакл хам яксон буди.

Бинобар ин одам шудан, амри дигар аст. хар касе, ки аз модар мутаваллид мешавад, ба ин маъно одам нест, ба ин хотир гуфтаанд: «Мулло шудан осон - одам шудан мушкил».

среда, 30 апреля 2008 г.

вторник, 29 апреля 2008 г.

Ташкилии ОСОРХОНА

Мухаммад Султон Абдуллохи Маъсуми соли 1873 дар шахри Хужанд дар оилаи ашхоси дорои чашм ба олами хасти кушудааст.Маълумоти ибтодиро дар зодгохаш грифта ,аз овони хурди истъдоди баланди фитри ва хотираи кавиаш зохир мегардад.

Сипас дар мадрасахои Бухоро ва Куканд илохиет ва фикхоро чиддан меомузад. Соли 1890 ба зиерати хонаи Худо меравад ва дар муддати мадид дар шахри Маккаю Мадина Доруссалом,Кохира,Искандария,Истамбул ва Афина дониши худро такмил медихад. Алалхусус,аеми тахсилот дар Мадрасаи он замон хеле бонуфузи Дорул-хадис-аш-Шаркия ки дар каламрави Сурия чойгир шуда буд,ба ин чавони чуянда ва пуртахаррк таъсири амик мегузорад.Умуман,беш аз 100 шайхи маъруфи он давр устодони у махсуб мешаванд. Баъд аз 15-сол Хочи Маъсуми ба ватан баргашта, дар мадрасае, ки волидайнаш махсус барои фарзанди фарзонаи худ бунед карда буданд,дарс медихад. Солхои бистум такъиби рухониен огоз мегардад ва чони мударриси чавон,ки шухраташ хамвора меафзуд,низ дар зери хатар мемонд. Дар катори бисер ашхоси фозил ва миллатдуст у хам мачбур мешавад,ки чилои Ватан кунад.Бори вопасин ба зиерати масчиди Шайх- Масллихидин омада, аз хамон ч обо худ як каф хок мебарад. Аввалан,дар шахри Кулча,ки дар худуди Син-Сзян (Чин) вокеъ аст,мукуми мешавад. Бо гузашти вакт,аниктараш соли 1933 ба Арабистони Саъуди куч мебандад ва то охири умр дар хамон чо мемонад. Такдир ба хар кучо барад, хамеша бо тахсилу тадрис машгул буд.Бо мурури замон обру ва нуфузи Хочи Маъсуми, ки чандин забонхоро медонист ва дониши нихоят фарох дошт,пайваста афзун мешавад.На факат ашхоси рухони,удабо ва уламо,балки хукуматдорон ва ахли дарбор низ бо у хамсухбат мегардиданд ва каробат мечустанд. Бо дарназардошти фазилатхои Хочи Маъсуми шохи Арабистони Сауди Абдулазиз уро ба худ мушовир таъйин мекунад ва муддати мадид аз маслихатхои ин шахси сохибтадбир истифода мебарад.Аз нуфузу эътибори Хочи Маъсуми дар назди Абдулазиз хамин як далелкофист, ки у ба хайси намояндаи шахсии шох дар Конфронси аввалини байналмилали исломи дар Покистон щиркат намуда буд. Хочи Маъсуми олими хеле сермахсул буд. Беш аз 200 тадкикоти у оид ба таъриху фалсафаи ислом маълуманд, ки ахмияти калони илми дорад. Дар хичрати тулони у борхо азми дидори Ватан карда буд, аммо дар замоне, ки чанги сард шиддат мегрифт ва миени давлати шурави бисер кишвархои чахон садди охани вучуд дошт, ин аз имкон берун буд. Хочи Маъсуми соли 1962 дар синни навадсолаги ин дунёи фониро падруд гуфт. Мадфанаш дар Маккаи Мукаррама чойгир аст. Мувофики васияташ хамон як каф хокеро, ки аз зодбумаш , аз шафати масчиди Шайх Муслихиддин бо худ бурда буд,бар сари кабраш пошиданд.

пятница, 25 апреля 2008 г.

среда, 2 апреля 2008 г.

Хучандшахр КОРИ АБДУЛМАЖИД



Хочи,Кори Абдулмажид Юсуфов соли 1899 аз оилаи Хочи Юсуфи мударрис дар шаxри Хучанд таваллуд ёфтааст.Падари Кори Абдулмачид байни солхои 1880-1885 хамрохи як гурух зоирини Хучанди ба зиёрат ва тавофи Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара мушараф гардид. Бо илтимосу хохиши ахли оила, дер бошад хам ,ба Хучанд баргашта омад.
Хочи Юсуф дар замони худ уламои аз чониби мардум эътирофшуда ва мударриси мадрасаи шахр шинохта шуда буд.У такрибан солхои 1904-1905 дар синни 63-солаги вафот кард.Абдулмачид дар синни 5-6 солаги аз падар ятиммонда дар тарбияи модари окилаи захматкашаш,ки Бибизулол ном дошт,ва бародари бузургаш Абдулкодир монд.
Абдулкодир ,ки худ кории мураттаб буд,Абдулмачидро падарвор таълиму тарбия дод.Абдулмачид дар мадраса низ тахсил мекард.Натичаи хамин буд,ки у аллакай дар сини 13-14 солагиаш Куръонро пурра азёд кард.Аз руи тамоули хамон замон у дар назди мударрис ва кори Сута,Куръонро хатм карда,сазовори эхтирому эътирофи эшон гардид.

Кори Сангин домулло яке аз уламои машхури Хучандшахр (эшон умри бобарокоте дида, дар синни 104 солаги вафот кардаанд) ки аз кори Абдулмачид дувоздах сол калон буданд,бо як мухаббат ва ихлосмандии бузург дар бораи истеъдоди фавкултабии Kуръонхонии у боре чунин накл карда буданд:

“Мохи шарифи Рамазон буд. Дар яке аз масчидхои шахр хатми Куръон гузарондани шуданд.Мебоист дар муддати дах шаб Куръон хатм карда шавад.Барои кироати каломи шариф Кори Абдулмачид ва Кори Сабурро даъват карданд.Дуяшон хам овози хуш доштанду кироати хуб.Чолиби тавачух аст,ки ин корибаччахо Куръонро чунон равон ва бехато кироат карданд,ки аз ибтидо то хатми он, касе ба онхо лукмае надода буд.”Ин ривояти Кори Сангин домулло такрибан ба солхои 1913-1914 рост меояд. Чунон чи маросими хатми Куръон мохи рамазон соли 1915 дар масчиди чомеи Шайх-Маслихадин низ баргузор шуд.Ба масчид аз дуру наздик муштокони каломи шариф гирд омада буданд,ки байни онхо кориёни мураттаб,уламоьои гиром, сарватмандони маьалли низ кам набуданд.Дахумин шаб буд,ки ихлосмандон аз нафаси гарму нарм,аз овози хушу форам ва гуворо,аз сабки хоси худоди кироати Кори Абдулмачиди чавон ба маънои комилаш нашъа мебурданд,хузуру халоват мекарданд.Дар ьакки у,дар хакки устодонаш ва падару модараш самимона дуъо мекарданд ва эхсосоти хешро пинхон дошта натавониста, “Офарин!Ахсанат!Боракаллох!”мегуфтанд.
Хамин асно марди коматбаланди нуроние аз чояш бархеста,диккати хозиринро бахуд чалб кард.У бо хаячони фавкулодда,вале бо чуръати чавонмардона ба ахли намоз ру оварда гуфт: -- Бародарон,шумоён гувох бошед,ман дар хона чахор духтар дорам,яке аз онхоро ман ба хамин корибачае,ки Абдулмачид ном бурданд,бахшидам.
Масчидро гулгулае фаро гирифт.Хама дар хайрат буданд,ки чи тавр ин Муллодуст бойбачча духтарашро ба камбагале медодааст.Муллодуст хайрати онхоро пай бурда,огох кард:-- Ха,кавли ман катъи аст.Аз ваъдаам намегардам. Ба ман молу мулкаш не,хамин кoригиаш бас аст. Барака ёбад!Хамин тавр хам шуд…
Кори Абдулмачид соли 1924 аз як косиби рус касби соатсозиро хам пеш кард.Кариб си сол ризку рузии худ ва оиларо аз таъмиру тармими соати мардум дарёфт кард.
То соли1928 бо сабабхои ба хама маълум дархои масжидхо баста шуда буд.Замони Чанги Бузурги Ватани. Соли 1943 вакте ки давлати шурави барои муборизаи зидди фашистони немис бо Америка иттифокчи шуданро дархост кард, онхоро дар мамлакати шурави кушодани масчиду калисохо ва дигар ибодатхонахо,озодии дину оиндориро талаб карданд. Шояд хамин сабаб шуд,ки ноябри соли 1943 бо рухсати расмии хукуматдорони вакт дархои масчиди чомеи Шайх Маслихатдин дар шахри Хучанд низ ба истикболи мусалмонон кушода шуд. Ана, хамин вакт Кори Абдулмачид Юсуфовро ба Садум ( Среднеазиатское духовное управление мусулман ),ки воекъ дар шахри Тошканд буд, даъват карда, ба масчиди нав кушодашудаи маркази вилоят имом-хатиб таъин карданд. Сипас, ноябри соли 1944 Кори Абдулмачид Юсуфов аз Точикистон ва панч нафари дигар аз Чумхурихои Осиёи Миёна ва Казокистон аввалин маротиба баъди инкилоби Уктобир ба зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара фиристода шуданд. Ин сафари мубораки онхо то апрели соли 1945 тул кашида буд. Хамин тарик Хочи, Кори Абдулмачид то соли 1948 дар масчиди Шайх Маслихатдини шахрамон имом-хатиб шуда хидмат кард. Аз соли 1949 то 1956 бо касби таъмиру тармими соат машгул шуд.
Соли 1957 боз хам бо тавсия ва даъвати Идораи динии мусалмонони Осиёи Миёна ва Казокистон Хочи, Кори Абдулмачид Юсуфов козии Точикистон таъин гардид. Дар вакти адои ин вазифа басо масъул, ки чойи собик козии Чумхури Муллоабдурашидро иваз карда буд, дар Рушду нумуи бисёр корхои дини сахмгузор шуд. Охирхои соли 1964 ба нафака баромада, ба зодгохаш Хучанд баргашт ва соли 1978 пас аз бемории на чандон тулони аз олам даргузашт. Кори Абдулмачид бехтарин фазилатхои инсони комилро касб карда, ба халку мехнати хеш хидматхои шоиста карда, дар байни хосу ом обрую эътибори калон дошт. Сарвари серталаби оила буд. Фарзандонашро дар руху ахлоки хамида тарбия намуда, хамаашонро хононд, ба кавле, маълумоти оли дод, сохиби касбу хунари мухталиф кард. Холло шаш нафар фарзандонаш дар кайди хаётанд.
Кори Абдулмачид махфилорои мардуми порсо буд. Даххо нафар ёру дустон, хаммаслаку пайравонаш аз сухбату нишастхои гуворо,маснавихонихояш,халлу фасли масоили фикхи бахрабардори кардаанд. Кори Набичони хучанди, Муллоюсуфи кулангири, Муллочураи шайхбурхони, Кори Мухаммадрасули раззоки аз чумлаи даххо нафар хамнишинхои содики Кори Абдулмачид буданд, ки зикри номашон дар ин чо амалест бахайр.